Войти через uID
Aʼīnah-i jahanʹnuma / آئينه جهان نما
Яке аз энсиклопедистхои машхури нимаи дуюми асри XV хамоно Х сайн Воизи Кошифй мебошад, ки сахми у дар сохаи инкишофи илму адаб хануз дар замони худаш аз тарафи намояндагони барчдстаи доираи адабй-илмии асри мазкур, монанди Абдуррахмони омй, Алишери Навой ва дигарон эътироф ва кадр карда шудаанд. Ба гуфти Алишери Навой кам фанне будааст, ки Х,усайн Воиз ба ш дахл накарда бошад. Вай дар назму насри форси ицтидори тамом дошт ва дар шеър «Кошифй» тахаллус мекард. Х усайн Воиз аз худ зиёда аз 40 асари илмиву адабй ба мерос гузоштааст,ки машхуртарини онхо «Анвори Сух айлй», «Ахлоки Мухсинй», «Чих ил х адис», «Махзанулиншо», «Оинаи Искандарй», «Бадоеъулафкор фй саноеъулашъор», «Мавохиби алия» ё «Тафсири Хусайнй», «Чдвохируттафсир», «Футувватномаи султонй», «Равзатушшухадо», ва гайра мебошанд. Мухтасаран чунин аст пайдоиш ва сайри таърихии умуман насри форсу точик, аз чумла насри адабй-бадей, ки дар тули асрхои мухталиф хамчун дастури х,аёт, сармашки ахлок, ва рахнамои зиндагии хазорон адзор тачрибаомузони рузгор карор гирифта, мардумро дар рухи гуманистй-инсондусти тарбия карда омадаанд ва минбаъд хам тарбия хоханд кард. Мутаассифона, кдйд кардан лозим аст, ки насри адабй-бадеии адабиёти форсу точик дар илми шаркшиноси то холо мавриди тадкику тахкикд васеъ кдрор нагирифта, дастраси эхтиёчмандони худ нагардидааст.
Новые материалы
Самые читаемые статьи
[ Добавить новость ]